БАҲОДУР ҚУРБОНИЁН: Мониторинг омили асосии таъмини шаффофият



Моҳи июни соли равон аз тарафи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, хусусан Маркази имдод ва корҳои хайриявии Малик Салмон Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ лоиҳаи сарпарастии ятимон дар амал татбиқ гарид, ки дар доираи ин лоиҳа ба 500 нафар ятим аз 16 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар як моҳ 100 доллари ИМА кумакпулӣ расонида мешавад. Бояд гуфт, тўли се моҳи сипаригардида тибқи ин барнома ба суратҳисоби 500 нафар ятим тавассути Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ҳар моҳ 100 доллари ИМА интиқол дода шуд.

Бо ҳадафи натиҷагирӣ аз раванди амалишавӣ ва дурнамои ин лоиҳа, рӯзи 14 октябри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Атлас»-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, конфронс баргузор гардид. Дар конфронс котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Баҳодур Қурбониён, Нодир Аминзода-корманди ҷамъияти мазкур, Илҳом Раҳимов-сардори шуъбаи тибби иҷтимоии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва дигар масъулини бахшҳои Ҷамъият, ҳамчунин Саидзода Абдусаттор намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Хатлон иштирок намуданд. Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба самти фаъолияти башардӯстонаи ҶҲАТ, таъмини шаффофият дар расонидани кумакҳои молиявӣ ба ятимону маъюбон, дастгирии мактаб-интернатҳо ва дурнамои лоиҳаи сарпарастии ятимон, ки аз ҷониби Маркази имдод ва корҳои хайриявии Малик Салмон Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ амалӣ гардидааст, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон дар рафти конфронс иштирокчиён бо намояндаи сарпарасти барнома, Ясир Ал Шеҳрӣ суҳбати онлайнӣ анҷом дода, татбиқи барномаи мазкурро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Зимни суҳбати онлайнӣ Ясир Ал Шеҳрӣ ба суолҳои худ посухи дақиқ гирифт ва аз фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар самти татбиқи лоиҳаи мазкур изҳори қаноатмандӣ намуд.

Саидзода Абдусаттор Саид-сармутахассиси бахши ҳуқуқи кўдаки Мақомоти иҷроияи давлатии вилояти Хатлон аз амалигардии як қатор лоиҳаҳои Ҷамъият, ки тавассути Маркази имдод ва корҳои хайриявии Малик Салмон Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ маблағгузорӣ мешавад, изҳори сипос намуд.

Лозим ба зикр аст, ки дар фарҷом котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Баҳодур Қурбониён иброз дошт, ки ҷиҳати таъмин намудани шаффофият дар самти дастрас намудани маблағҳои пешбинишуда, аз ҷониби масъулини бахшҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мониторинг гузаронида мешавад. Ҳамзамон зимни натиҷагирӣ аз раванди амалишавии ин лоиҳа дар конфронс иттилоъ дода шуд, ки сарпарастон бевосита маблағҳои дастраснамударо барои эҳтиёҷоти кӯдакони ятим масраф менамоянд.

 

Комментарии

  1. Салом алейкум ман Назарова Хосият истикоматкунандаи н. Рудаки модарам дар Россия кор мекунанд мо дар оила 3 фарзандем дар хонаи бибим меистем 2 нафарамон донишчу модар факат мехонанду мепушонанд моро аз шумо хохиш мекунам моро аз хонаи истикомати таъмин кунед то модарам биёянду мо якчо зиндаги кунем

    ОтветитьУдалить

Отправить комментарий