РУХСАТ ШУДАНИ 70 НАФАР ПАС АЗ ШИФО ЁФТАН

Пас аз шифо ёфтан рухсат шудани шаҳрвандоне, ки дар муассисаҳои тандурустии мамлакат зери назорати духтурон қарор доштанд, идома дорад.

Аз ҷумла имрӯз, 22 майи соли равон  40 нафар аз Муассисаи давлатии Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе  ва ҳамзамон 30 нафар аз беморхонаи “Истиқлол” пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд.

Қайд менамоем, ки рухсат шудани шаҳрвандон пас аз шифо ёфтан аз дигар муассисаҳои тандурустии мамлакат низ идома дорад.

 


Комментарии