Сӯистифода аз эмблемаи Салиби Сурх

Доир ба  иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар» дар миқёси вилояти Суғд корҳои фаҳмонидадиҳӣ ба роҳ монда шудааст.

Вобаста ба паҳн гардидани бемории сироятии коронавирус (COVID-19), дар марказҳои савдо ва дигар нуқтаҳои фуруши маводҳои антисептикҳо ба роҳ монда шудааст. Дар яке аз марказҳои савдои шаҳри Хуҷанд рекламаи антисептик бо аломати Салиби Сурх ба қайд гирифта шуд.

Аз ин лиҳоз, вохӯрӣ бо менеҷери маркази савдои мазкур баргузор гардида, моҳият ва вазифаи аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар фаҳмонида шуд. Менеҷер ваъда дод, ки дар мӯҳлати кӯтоҳ аломати Салиби Сурхро аз  рекламаи маводи антисептикӣ  бартараф хоҳад намуд.

Камолова Р. – масъули иттилооти ҶҲАТ дар вилояти Суғд        


Комментарии