Баргузории вохуриҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии коронавирус

Кормандон ва волонтёрони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) аз рўзҳои аввали паҳншавии бемории коронавирс (COVID-19) дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои иттилоотиву тарғиботиро ҷиҳати пешгирӣ аз ин маризӣ идома медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки танҳо аз 18 то 22 майи соли 2020 волонтёрони ҶҲАТ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон (ноҳияҳои Леваканд, Вахш, Қабодиён, Шаҳритуз ва Дустӣ) ба 12 875 нафар аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро амалӣ намуданд.

Дар ноҳияҳои Файзобод, Нуробод, Тоҷикобод ва Рашт бошад, волонтёрони ҶҲАТ ба 15 856 нафар аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро амалӣ намуданд.


Комментарии