Маҳмадзоҳир Холов: Кӯмак ба маъюбону беморон рисолати аслии мост

«Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон ҳамкории судманд дорад. Дар доираи ҳамкориҳо 3 ҷарроҳӣ (як ҷарроҳии ивази дарғотаи дугӯшаи дил  (клапан сердца)  ва ду ҷарроҳии сўхтагӣ) гузаронида шуда, 3 бемори дигар, ки дар натиҷаи садама аз дасту пой маҳрум гардида буданд, муолиҷа ва ба онҳо дасту пойи сунъӣ васл карда шуд» Ин нукта тариқи барномаи таҳлилии «Беҳдошт» аз радиои «Тоҷикистон» садо дод. Бино ба гуфти Маҳмадзоҳир Холов, котиби иҷроияи бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон, Ҷамъият пайваста қишри осебпазири ҷомеаро дастгирӣ менамояд. Ба хусус, дар давраи хуруҷи коронавирус ҳамарӯза миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Ба гуфтаи мавсуф, бо дарназардошти имконият, ба эҳтиёҷмандону беморон кӯмакҳои тиббӣ расонида мешавад, хусусан дар доираи барномаҳои ҶҲАТ ба даҳҳо нафар маъюб, ки дархости кӯмак намуда буданд, бо дастгирии шарикони рушд ба онҳо аробачаи маъюбӣ дастрас гардонида шуд. Ҳамчунин, тавассути Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҳилоли Аҳмари Эрон дар Беморхонаи Ибни Сино, дарғотаи дугӯшаи дили ҷавони 17-сола ба қимати 11 ҳазор доллар иваз шуд, ки 5 000 доллар аз ҳисоби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон пардохт шуд.

Ёдовар мешавем, дар шароити кунунӣ, ки мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус сайёраро таҳдид дорад, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии шарикони рушд ба муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон пайваста кӯмакҳои башардўстона мерасонад.

Комментарии