Моҳи июни соли равон аз тарафи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, хусусан Маркази имдод ва корҳои хайриявии Малик Салмон Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ лоиҳаи сарпарастии ятимон дар амал татбиқ гарид, ки дар доираи ин лоиҳа ба 500 нафар ятим аз 16 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар як моҳ 100 доллари ИМА кумакпулӣ расонида мешавад. Бояд гуфт, тўли се моҳи сипаригардида тибқи ин барнома ба суратҳисоби 500 нафар ятим тавассути Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ҳар моҳ 100 доллари ИМА интиқол дода шуд. Бо ҳадафи натиҷагирӣ аз раванди амалишавӣ ва дурнамои ин лоиҳа, рӯзи 14 октябри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Атлас»-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, конфронс баргузор гардид. Дар конфронс котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Баҳодур Қурбониён, Нодир Аминзода-корманди ҷамъияти мазкур, Илҳом Раҳимов-сардори шуъбаи тибби иҷтимоии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва дигар масъулини бахшҳои Ҷамъият, ҳамчунин Саидзода Аб
- Получить ссылку
- Электронная почта
- Другие приложения